Омодагирии пойтахт ба таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагирӣ ва таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар пойтахтро тасдиқ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, мувофиқи ин нақша рӯзи 9-уми майи соли 1915 дар Боғи Ғалабаи пойтахт гузашти ҷашнӣ ва дар дигар […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагирӣ ва таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар пойтахтро тасдиқ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, мувофиқи ин нақша рӯзи 9-уми майи соли 1915 дар Боғи Ғалабаи пойтахт гузашти ҷашнӣ ва дар дигар боғҳову гулгаштҳои пойтахт чорабиниҳои идона барпо карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 3-9-уми май дар макотиби таҳсилоти умумии пойтахт Ҳафтаи хотира доир гардида, дар он ба толибилмон дар бораи саҳми кишварҳои ҷаҳон ва Тоҷикистон дар ғалаба бар фашизм маълумот дода мешавад. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва ҷашнвораҳои мусиқӣ дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин муддат сохтмон ва ба истифода додани Хонаи собиқадорони ҷангу меҳнат дар пойтахт ва барқарор кардани оромгоҳу муҷассамаҳои собиқадорони ҶБВ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин робита ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш дода шудааст, ки баҳри дар осоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ ба истироҳатиу табобат фаро гирифтани собиқадорони ҷанг ва шахсони ба онҳо баробар чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин раиси пойтахт аз тамоми сокинони шаҳр даъват ба амал овардааст, ки дар ҳалли мушкилоти собиқадорон ҳамҷониба кумак расонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.