Намоишгоҳи маҳсулот ба муносибати 90-солагии пойтахт

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани  шаҳри Душанбе дар давоми соли 2014 ҳармоҳа дар бинои МД «Душанбе Плаза»- и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Намоиш ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳадаф аз […]

ASIA-Plus



Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани 


шаҳри Душанбе дар давоми соли 2014 ҳармоҳа дар бинои МД «Душанбе Плаза»- и 


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Намоиш ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ мусоидат ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулоти молистеҳсолкунандагони шаҳри Душанбе, баланд бардоштани дараҷаи шиносоии аҳолии пойтахт дар бораи истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи Барномаи «Комплексии рушд ва ҷалби сармояҳо дар истеҳсолоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015» мебошад.

Зикр гардид, ки нахустин намоишгоҳ-фурӯши маҳсулот рӯзҳои 20-22-юми феврал доир гардида, дар он корхонаҳову муассисаҳои ҶСК «Нафиса», ҶС «Комбинати шири Душанбе», ҶСП «Маҳсулоти гӯштӣ», «Душанбе Агросервис», «Рухом», «Ёқут-2000», «555 МПК», «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», ҶС «Ширин», «Покиза», «Фабрикаи шири Саодат» ва «Комбинати гӯшту консерва» иштирок мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.