Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– Дар Вашингтон ҷаласаи серӯзаи гурӯҳҳои кории кишварҳои иштирокчии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) оғоз мегардад. Ҳайати  Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов роҳбарӣ мекунад;

– Дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и Душанбе маҷлиси Шабакаи ташкилотҳои шарик оид ба обтаъминкунӣ – ТоҷВСС баргузор мешавад. Оғоз соати 13:00.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8012

сомонӣ;


1

евро

– 6.4973

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1385

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1958

— Чархболи нахустин (МИ-1) ба Сталинобод оварда шуд.


1990

— Дар Душанбе бинобар сабаби гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, ки ба талафоти ҷонӣ боис шуданд, вақти комендантӣ ва ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд.


2003

— Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байнулмилалии сулҳу созиш ба Алмаато (Қазоқистон) рафт.


2008

— Сардабири нашрияи парлумонии «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳидов пас аз бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.


2010

— Миёни Тоҷикистону Белорус Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва саноат ба имзо расид.


2011

— ҶСП «ТТ-мобайл» бори нахуст дар Тоҷикистон технологияи 4G-ро дар реҷаи санҷишӣ ба кор даровард.


1919

– Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бахтулҷамол Карамхудоев.


1927

– Мавлуди нависанда ва арбоби давлатӣ Холмурод Шарифов.


1931

– Зодрӯзи арбоби давлатӣ Муҳиддин Зоҳиров.


1938

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ Ҳамдам Рофиев.


1960

– Зодрӯзи сароянда Маҳмадсаид Тӯраев.


1969

– Мавлуди сароянда Фарҳод Одинаев.


1971

– Зодрӯзи оҳангсоз, сароянда Парвиз Пӯлодӣ.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0+5.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -1-6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-13, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -17-22, рӯзона -4-9.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -6-11.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона +1+3.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.    

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0-2.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона 0-2.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0-2.

spot_imgspot_img

Популярное