Зимни як амалиёти махсуси кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ кӯдакдуздон дастгир шуданд.
Бино ба иттили сомонаи расмии ВКД ҶТ, санаи 9-уми январи соли равон, тахминан соати 19:30-дақиқа Сафиалло Саидмуҳаммади 12-сола ва хоҳараш Лема Саидмуҳаммади 10-сола, сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, аз тарафи шахсони номаълум, ки дар рӯй ниқоб доштанд, аз назди бинои истиқоматиашон тавассути автомашинаи сабукрав дуздида шуда буданд.
«Дарҳол аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, аз пайи ошкор ва дастгир намудани шахсони ҷиноят содиркарда шуданд ва пас аз се соати воқеаи рухдода, ноболиғони рабудашуда сиҳату саломат бе ягон ҷароҳат дарёфт карда шуданд», – омадааст дар хабари ВКД.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноят Искандаршо Камолови 19-сола, зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, донишҷӯи бахши 1-уми коллеҷи технологии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Ҳусниддин Давлатови 17-сола, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа, донишҷӯи Коллечи муҳандисии №30 ва Улуғбек Нурови 17-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, донишҷӯи коллеҷи технологии Тоҷикистон дастгир гардиданд.
«Сарвари ин гурӯҳи ҷиноӣ Искандаршо Камолов, ки қаблан дар ширкати «Алокозай» ҳамроҳи падари ҷабрдидаҳо шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад фаъолият мекард, аз тиҷорат ва сармоядории ӯ огаҳӣ пайдо карда, нақшаи рабудани фарзандони ӯро мекашад», – зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, барои тарсонидани кӯдакон ҷинояткорон аз таппончаи бозичагӣ истифода карда, тариқи телефон аз падари ноболиғон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад ба ивази раҳоии фарзандонаш 200 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Одамдуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаронро аз 5 то 10 сол маҳрум шудан аз озодӣ интизор аст.



