Вазири тандурустӣ ному насабашро иваз кард

Вазири тандурустии Тоҷикистон ному насабашро ба шакли номгузории тоҷикӣ иваз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар дод, акнун Салимов Нусратулло Файзуллоевич аз рӯи ҳуҷҷатҳо Нусратуллои Файзулло номида мешавад. «Ин тасмими вазир эҳтиром қойил шудан ба расму оини миллӣ ва анъанаҳои номгузории мардуми тоҷик аст», – […]

Аваз Юлдошев



Вазири тандурустии Тоҷикистон ному насабашро ба шакли номгузории тоҷикӣ иваз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар дод, акнун Салимов Нусратулло Файзуллоевич аз рӯи ҳуҷҷатҳо Нусратуллои Файзулло номида мешавад. «Ин тасмими вазир эҳтиром қойил шудан ба расму оини миллӣ ва анъанаҳои номгузории мардуми тоҷик аст», – иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2007 пас аз ивази ному насаби худ аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар аз сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба ӯ пайравӣ кунанд. Он замон як гурӯҳи муайяни мансабдорони давлатӣ ин даъватро пазируфта, ному насаби худро тағйир доданд.

Аввали моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон шерхон Салимзода дар як мақолаи худ дар нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар ва аз коҳиши ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ миёни шаҳрвандон

изҳори нигаронӣ намуд.

Пас аз ин ҷараёни ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ бештар тақвият ёфт.

Акнун раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев – Самӣ Шариф, директори Агентии зиддифасод Фаатоҳ Саидов – Абдуфаттоҳи Ғойиб, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофова – Гавҳар Шарофзода ва вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов – Қосими Раҳбар номида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.