Суди гарнизони ҳарбии Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду даъватшаванда, ки дар содир намудани ҷинояти фирор айбдор дониста мешаванд, шурӯъ кард.
Ба гуфти раиси суди гарнизони ҳарбии Хатлон Тоир Искандаров, аз маводи парванда бармеояд, ки сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳасанзода Исомудинни Абдулло рӯзи 5- ноябри соли 2011 дар асоси қарори комисияи даъватии ноҳияи мазкур ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон оварда мешавад. Баъди гузаштани комиссияи тиббӣ худи ҳамон рӯз бо дигар даъватшавандагон бо автомашинаи Газел ба қисми ҳарбии №2630 СҚС ҚДАМ, ки дар ноҳияи Панҷ ҷойгир аст, фиристода мешавад. Дар роҳ бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи даъватшавандаи дигар Қутбиддин Мирзоев бо роҳбалад – корманди комисариати ҳарбии вилоят прапорщик Шарифбек Мирзоев баҳс намуда, диққати ӯро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин ҳолат Қ. Мирзоев дари микроавтобусро кушода, прапорщикро ба берун тела дода, худашон низ мепаранд. Маликов Қ. Мирзоевро меқапад, вале Исомуддин баргашта, ба сару рӯ ва бадани прапорщик бо мушт мезанад ва Мирзоевро аз дасти ӯ раҳо карда, ба тарафи номаълум ғайб мезананд.
Прокуратураи гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа нисбати Ҳасанзода Исомуддини Абдулло ва Қутбиддин Мирзоев парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 375 (Фирор) ва 116 (Лату кӯб) КҶ ҶТ оғоз мекунад ва нисбати ҳарду кофтуков эълон менамояд.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 18 декабри соли 2013 Ҳасанзода Исомуддини Абдуллоро дастгир мекунанд. Ва рӯзи дигараш аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Қутбиддин Мирзоев низ дастгир карда мешавад.
Дар рафти мурофиаи судӣ ҷабрдида, корманди комисариати ҳарбии вилояти Хатлон прапорщик Шарифбек Маликов ҳолати тела додани худро аз тарафи Мирзоев тасдиқ накард. “Ӯ гуфт, вақте ки Мирзоев дарро кушоду хост аз автомашина бипарад, ман ӯро қапидам, бо дасти дигарам Исомуддинро қапида будам. Вақте Мирзоев аз мошин берун парид, аз он ки ман ӯро қапида будам, аз қафояш ба берун афтодам”,- илова кард Маликов.
Қутбиддин Мирзоев дар мурофиаи судӣ гуфт, «ман аслан бо Исомуддин шинос набудам ва барои гурехтан ягон маслиҳати пешакӣ низ надоштем. Ҳама ба якборагӣ рух дод.
Манро рӯзи 5-ноябр кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Бохтар дастгир карда, ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон оварданд. Ҳарчанд ба онҳо фаҳмондам, ки ман беморам ва қобили хизмат нестам, маро касе гӯш накард. Дар комиссариати ҳарбии вилоят низ ягон духтур маро ташхис накард. Ҳатто ягон либосамро аз танам накашидам. Ба ҳуҷҷатҳо ҳамин тавр имзо карданду гуфтанд, ки ту сиҳатӣ ва қобили хизматӣ ва манро ба хизмат фиристоданд.
Дар роҳ ба сӯи ноҳияи Панҷ дар микроавтобуси Газел ҳамроҳи ман Исомуддин менишаст. Ӯро дидам, ки хело ғамгин аст ва пурсидам чаро чунин ғамгинӣ? Исомуддин гуфт, кӯдакам вафот кардаасту барои ҳамин ғамгинам. Ман ӯро дилбардорӣ кардам. Дар ин ҳолат прапорщик Маликов намедонам чӣ фикр кард, ки ба сари Исомуддин дод задан гирифту ӯро ҳақорат кард, ки хеста дар бари ӯ бишинад. Ман ин рафтори Маликовро дида, ба ӯ гуфтам, ки ба Исомуддин нарас, ҷояш хубаст. Прапоршик гашта ба ман дод зад. Ва бо дасташ аз пеши бари Исомуддин қапида, ӯро кашидан гирифт, ки ба бари ӯ бишинад. Дар ин вақт ман дари микроавтобусро кушода, ба берун паридам. Намедонам ва ба хотирам нест, ки ки Маликов чӣ тавр аз қафои ман ба замин ғалтидааст.
Ғулом Бобоев ҳимоячии судшавандаҳо мегӯяд, ҳардуи даъватшавандаҳо бо вайрон намудани муқаррароти қонун ба хизмат гирифта шудаанд. Худи ҳамон рӯзе, ки Исомудинро дастгир карда, ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд, занаш дар беморхона кӯдак тавалуд кардаасту кӯдакаш вафот мекунад. Исомудин бо волидайнаш ҷасади кӯдакро аз беморхона гирифта ба хона барои ҷаноза бурданӣ мешаванд, ки ӯро кормандони комиссияи даъват дастгир карда, ҳатто иҷоза намедиҳанд, ки дар ҷанозаи фарзандаш иштирок кунад. Ба ғайр аз ин, занаш дар ҳолати вазнини беморӣ будааст.
Агар Исомуддинро ташхиси дуруст мегузарониданд, ӯ аз комиссияи тибби намегузашт, зеро ҷарроҳӣ гузаронидаву чандин бемории дигар низ дорад.
Дар нисбати Қ. Мирзоев бошад, мо ба суд нусхаи рентгени мағзи сарашро, ки дар яке аз беморхонаҳои Русия гузаронида шудааст, пешниҳод кардем. Ин ташхис нишон медиҳад, ки Қ. Мирзоев аз варами мағзи сар азият мекашад.
Аммо Маликов гуфтаҳои Мирзоевро дар мавриди он, ки ӯ сабаби муноқиша дар микроавтобус гашта бошадро бе поя хонд ва гуфт, ки сабаби муноқиша дар микроавтобус худи даъватшавандаҳо гардидаанд. Ва ӯ касеро ҳақорату дашном надодааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ ва ҷабрдида аз суд дархост намуданд, ки ба суд шоҳидони иловагӣ аз ҳисоби он нафароне, ки дар микроавтобус буданд, даъват карда шаванд. Суд то рӯзи душанбе 17 феврал танаффус эълон намуд.



