Зери чархи автомашина мондани як тоҷикдухтар дар Маскав

Дар қаламрави Новая Москва як ронандаи номаълум духтари 16-солаи тоҷикро бо автомашинааш пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бино ба маълумоти НТВ , ин духтар аз Тоҷикистон омада, дар яке аз коллеҷҳои шаҳри Маскав таҳсил доштааст. Ин ҳодиса имрӯз, 14-уми феврал соати 7:30 дақиқаи субҳ дар шоҳроҳи Симферопол, дар наздикии хонаи №5 дар Шербинка […]

ASIA-Plus



Дар қаламрави Новая Москва як ронандаи номаълум духтари 16-солаи тоҷикро бо автомашинааш пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бино ба маълумоти

НТВ

, ин духтар аз Тоҷикистон омада, дар яке аз коллеҷҳои шаҳри Маскав таҳсил доштааст. Ин ҳодиса имрӯз, 14-уми феврал соати 7:30 дақиқаи субҳ дар шоҳроҳи Симферопол, дар наздикии хонаи №5 дар Шербинка рух додааст.

Айни замон дар бораи ин садама маълумот хеле кам аст. Танҳо маълум аст, ки духтар роҳро тариқи гузаргоҳ убур карданӣ будааст. Пас аз ҳодиса ронанда рӯ ба гурез ниҳода, аз ҷароҳатҳи бардошта духтар дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Гуфта мешавад, ба мақомоти пулис то ҳанӯз ҳатто тамғаи автомашинаи гунаҳкор дар садама номаълум аст. Аз сафоратхонаи Тоҷикистон низ дар ин бора ҳоло ҳеҷ маълумоте нарасидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.