Хатлон: Оғози баррасии парвандаи ҷиноии ду наваскар

Суди гарнизони ҳарбии Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду даъватшаванда, ки дар содир намудани ҷинояти фирор айбдор дониста мешаванд, шурӯъ кард. Ба гуфти раиси суди гарнизони ҳарбии Хатлон Тоир Искандаров, аз маводи парванда бармеояд, ки сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳасанзода Исомудинни Абдулло рӯзи 5- ноябри соли 2011 дар асоси қарори комисияи даъватии ноҳияи мазкур […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Суди гарнизони ҳарбии Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду даъватшаванда, ки дар содир намудани ҷинояти фирор айбдор дониста мешаванд, шурӯъ кард.

Ба гуфти раиси суди гарнизони ҳарбии Хатлон Тоир Искандаров, аз маводи парванда бармеояд, ки сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳасанзода Исомудинни Абдулло рӯзи 5- ноябри соли 2011 дар асоси қарори комисияи даъватии ноҳияи мазкур ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон оварда мешавад. Баъди гузаштани комиссияи тиббӣ худи ҳамон рӯз бо дигар даъватшавандагон бо автомашинаи Газел ба қисми ҳарбии №2630 СҚС  ҚДАМ, ки дар ноҳияи Панҷ ҷойгир аст, фиристода мешавад. Дар роҳ бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи даъватшавандаи дигар Қутбиддин Мирзоев бо роҳбалад – корманди комисариати ҳарбии вилоят прапорщик Шарифбек Мирзоев баҳс намуда, диққати ӯро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин ҳолат Қ. Мирзоев дари микроавтобусро кушода, прапорщикро ба берун тела дода, худашон низ мепаранд. Маликов Қ. Мирзоевро меқапад, вале Исомуддин баргашта, ба сару рӯ ва бадани  прапорщик бо мушт мезанад ва Мирзоевро аз дасти ӯ раҳо карда, ба тарафи номаълум ғайб мезананд.

Прокуратураи гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа нисбати Ҳасанзода Исомуддини Абдулло ва Қутбиддин Мирзоев парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 375 (Фирор) ва 116 (Лату кӯб) КҶ ҶТ оғоз мекунад ва нисбати ҳарду кофтуков эълон менамояд.

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 18 декабри соли 2013 Ҳасанзода Исомуддини Абдуллоро дастгир мекунанд. Ва рӯзи дигараш аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Қутбиддин Мирзоев низ дастгир карда мешавад.

Дар рафти мурофиаи судӣ ҷабрдида, корманди комисариати ҳарбии вилояти Хатлон прапорщик Шарифбек Маликов ҳолати тела додани худро аз тарафи Мирзоев тасдиқ накард. “Ӯ гуфт, вақте ки Мирзоев дарро кушоду хост аз автомашина бипарад, ман ӯро қапидам, бо дасти дигарам Исомуддинро қапида будам. Вақте Мирзоев аз мошин берун парид, аз он ки ман ӯро қапида будам, аз қафояш ба берун афтодам”,- илова кард Маликов.

Қутбиддин Мирзоев дар мурофиаи судӣ гуфт, «ман аслан бо Исомуддин шинос набудам ва барои гурехтан ягон маслиҳати пешакӣ низ надоштем. Ҳама ба якборагӣ рух дод.

Манро рӯзи 5-ноябр кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Бохтар дастгир карда, ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон оварданд.  Ҳарчанд ба онҳо фаҳмондам, ки ман беморам ва қобили хизмат нестам, маро касе гӯш накард. Дар комиссариати ҳарбии вилоят низ ягон духтур маро ташхис накард. Ҳатто ягон либосамро аз танам накашидам. Ба ҳуҷҷатҳо ҳамин тавр имзо карданду гуфтанд, ки ту сиҳатӣ ва қобили хизматӣ ва манро ба хизмат фиристоданд.

Дар роҳ ба сӯи ноҳияи Панҷ дар микроавтобуси Газел ҳамроҳи ман Исомуддин менишаст. Ӯро дидам, ки хело ғамгин аст ва пурсидам чаро чунин ғамгинӣ? Исомуддин гуфт, кӯдакам вафот кардаасту барои ҳамин ғамгинам. Ман ӯро дилбардорӣ кардам. Дар ин ҳолат прапорщик Маликов намедонам чӣ фикр кард, ки ба сари Исомуддин дод задан гирифту ӯро ҳақорат кард, ки хеста дар бари ӯ бишинад. Ман ин рафтори Маликовро дида, ба ӯ гуфтам, ки ба Исомуддин нарас, ҷояш хубаст. Прапоршик гашта ба ман дод зад. Ва бо дасташ аз пеши бари Исомуддин қапида, ӯро кашидан гирифт, ки ба бари ӯ бишинад. Дар ин вақт ман дари микроавтобусро кушода, ба берун паридам. Намедонам ва ба хотирам нест, ки ки Маликов чӣ тавр аз қафои ман ба замин ғалтидааст.

Ғулом Бобоев ҳимоячии судшавандаҳо мегӯяд, ҳардуи даъватшавандаҳо бо вайрон намудани муқаррароти қонун ба хизмат гирифта шудаанд. Худи ҳамон рӯзе, ки Исомудинро дастгир карда, ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд, занаш дар беморхона кӯдак тавалуд кардаасту кӯдакаш вафот мекунад. Исомудин бо волидайнаш ҷасади кӯдакро аз беморхона гирифта ба хона барои ҷаноза бурданӣ мешаванд, ки ӯро кормандони комиссияи даъват дастгир карда, ҳатто иҷоза намедиҳанд, ки дар ҷанозаи фарзандаш иштирок кунад. Ба ғайр аз ин, занаш дар ҳолати вазнини беморӣ будааст. 

Агар Исомуддинро ташхиси дуруст мегузарониданд, ӯ аз комиссияи тибби намегузашт, зеро ҷарроҳӣ гузаронидаву чандин бемории дигар низ дорад.

Дар нисбати Қ. Мирзоев бошад, мо ба суд нусхаи рентгени мағзи сарашро, ки дар яке аз беморхонаҳои Русия гузаронида шудааст, пешниҳод кардем. Ин ташхис нишон медиҳад, ки Қ. Мирзоев аз варами мағзи сар азият мекашад. 

Аммо Маликов гуфтаҳои Мирзоевро дар мавриди он, ки ӯ сабаби муноқиша дар микроавтобус гашта бошадро бе поя хонд ва гуфт, ки сабаби муноқиша дар микроавтобус худи даъватшавандаҳо гардидаанд. Ва ӯ касеро ҳақорату дашном надодааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ ва ҷабрдида аз суд дархост намуданд, ки ба суд шоҳидони иловагӣ аз ҳисоби он нафароне, ки дар микроавтобус буданд, даъват карда шаванд. Суд то рӯзи душанбе 17 феврал танаффус эълон намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.