Суғд: Ҷавобгарии волидайн барои манъи таҳсил ба фарзандон

Дар вилояти Суғд волидайни боз як оила барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ ба фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта нисбат ба сокини ноҳияи Конибодом Ш.Ш. мутобиқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Монеъ шудан ба гирифтани […]



Дар вилояти Суғд волидайни боз як оила барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ ба фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта нисбат ба сокини ноҳияи Конибодом Ш.Ш. мутобиқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2013 ӯ дар таҳсили писараш, хонандаи синфи 5-ум ва духтараш, хонандаи синфи 7-уми мактаби таҳсилоти умумӣ монеъа эҷод кардааст.

Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, соли 2013 дар қаламрави вилоят 28 нафар волидайн барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, ҳамчунин 338 нафар падару модарон барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.