Корманди Кумитаи андози ҶТ ба нишони эътироз сирко нӯшид



Корманди Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-сола рӯзи 11-уми феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ кард.

Тавре модари Шаҳноза Абдуллоева  – Мукаррама Абдуллоева дар суҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, вазъи саломатии духтараш ҳоло беҳтар аст ва ӯ дар бемохонаи №3 шаҳри Душанбе қарор дорад.

«Сабаби сирко нушидани у дар он аст, ки каме асабӣ шудааст. Ҷавонӣ кардааст. Мо аз болои Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят надорем. Кормандони ин кумита омада аз ҳоли духтарам хабар гирифта, доруҳояшонро харида доданд», – мегуяд Абдуллоева дар ҳоле, ки чанде пеш  наздикони Шаҳноза дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ӯ тайи ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта буд ва чун ба ин фишорҳо  тоб наовард, дар ҷойи кор бо нишони эътироз сирко нушид.

Модари Шаҳноза АБдуллоева илова кард, ки ба коргоҳ баргаштани духтараш аз муносибати Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.Дар худи Кумита аз ҳодисаи бо Шаҳноза Абдуллоева рухдода, касе аз масъулин иттилоъ намедиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное