Корманди Кумитаи андози ҶТ ба нишони эътироз сирко нӯшид

Корманди Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-сола рӯзи 11-уми феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ кард. Тавре модари Шаҳноза Абдуллоева  – Мукаррама Абдуллоева дар суҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, вазъи саломатии духтараш ҳоло беҳтар аст ва ӯ дар бемохонаи №3 шаҳри Душанбе қарор дорад. «Сабаби сирко нушидани […]

Мавзуна Абдуллоева



Корманди Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-сола рӯзи 11-уми феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ кард.

Тавре модари Шаҳноза Абдуллоева  – Мукаррама Абдуллоева дар суҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, вазъи саломатии духтараш ҳоло беҳтар аст ва ӯ дар бемохонаи №3 шаҳри Душанбе қарор дорад.

«Сабаби сирко нушидани у дар он аст, ки каме асабӣ шудааст. Ҷавонӣ кардааст. Мо аз болои Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят надорем. Кормандони ин кумита омада аз ҳоли духтарам хабар гирифта, доруҳояшонро харида доданд», – мегуяд Абдуллоева дар ҳоле, ки чанде пеш  наздикони Шаҳноза дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ӯ тайи ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта буд ва чун ба ин фишорҳо  тоб наовард, дар ҷойи кор бо нишони эътироз сирко нушид.

Модари Шаҳноза АБдуллоева илова кард, ки ба коргоҳ баргаштани духтараш аз муносибати Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.Дар худи Кумита аз ҳодисаи бо Шаҳноза Абдуллоева рухдода, касе аз масъулин иттилоъ намедиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.