Озодии тоҷики расо 1 сол дар СИЗО-и Маскав қарордошта

– Шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбеков, ки ба гумони даст доштан ба дуздии iPhone муддати расо як сол дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав қарор дошт, таҳти баёноти тарк накардани маҳалли иқомат озод карда шуд, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Шаҳбозбеков. Интизорӣ меравад, ки рӯзҳои наздик мутобиқи моддаи 162, қ. 2-и Кодекси […]



– Шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбеков, ки ба гумони даст доштан ба дуздии iPhone муддати расо як сол дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав қарор дошт, таҳти баёноти тарк накардани маҳалли иқомат озод карда шуд, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Шаҳбозбеков.

Интизорӣ меравад, ки рӯзҳои наздик мутобиқи моддаи 162, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (Ғоратгарӣ) мурофиаи судӣ оид ба парвандаи Адим Шаҳбозбеков доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, хешовандону наздикони Адим умедворанд, ки ниҳоят адолат барқарор шуда, ӯ пурра бегуноҳ эътироф мегардад ва дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН), ки то боздошт дар он таҳсил дошт, барқарор карда мешавад.

Айни замон аз ҷониби ҳимоя даъвои муқобили даъво оид ба ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштани Адим Шаҳбозбеков бидуни асос муддати 1 сол омода мегардад.

Ахири соли 2012 Адим аз рӯи эълони дар шабакаи Интернет нашршуда iPhone-и нав харида, вале рӯзи 13-уми феврал бинобар сабаби муроҷиати дуздида шудани ин телефон ӯро

боздошт мекунанд.

Ҳимоягари ӯ Татяна Кирпиченко он замон изҳор карда буд, ки ин телефон шоми 31-уми декабр рабуда шуда, ин вақт Адим дар хобгоҳ қарор доштааст, ки онро сабти наворҳои камераҳои видеоӣ ва ҳамсояи ҳуҷраи хобгоҳи ӯ – як донишҷӯи Чин низ тасдиқ мекунанд. «Адимро танҳо бо он гунаҳкор мекунанд, ки телефони дуздида дар дасти ӯст», – гуфта буд адвокат.

Ҳимоятгар зикр карда буд, ки духтари ҷабрдида аз ҷониби Адим рабуда шудани телефонро тасдиқ намуда, вале дар рӯбарӯкунии аввал ӯ Адимро гунаҳкор надониста будааст. Баъди гуфтугӯ бо муфаттиш ӯ баёноти худро иваз намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.