Ифтитоҳи мактаби омодакунии прапоршикҳо дар Вазорати мудофиа

Аз аввали моҳи феврал дар назди Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ нахустин мактаби омодакунии прапоршикҳо ба фаъолият оғоз кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, дар курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозоне, ки муддати якуним сол дар сафи Артиши миллии кишвар хизмат намудаанд ва шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар эҳтиёт мебошанд, дар асоси шартномаи тарафайн ба […]

ASIA-Plus



Аз аввали моҳи феврал дар назди Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ нахустин мактаби омодакунии прапоршикҳо ба фаъолият оғоз кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, дар курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозоне, ки муддати якуним сол дар сафи Артиши миллии кишвар хизмат намудаанд ва шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар эҳтиёт мебошанд, дар асоси шартномаи тарафайн ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

«Айни замон, дар маркази таълимии мазкур аз рӯйи 8 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд, ин ҳам бошад, старшинаи рота, тирандози савора дар техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, мошинҳои ҷангии пиёданизом, танк, сардори анбор, механики авиатсионии ҳавопаймо ва чархбол, сардори радиостансия ва стансияҳои радиолокатсионӣ, техник-сардори дастаи зенитиву ракетӣ ба роҳ монда шудааст, ки пас аз анҷоми курсҳои кӯтоҳмуддат хатмкунандагони он вобаста ба ихтисос ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, бо ҷои кор таъмин карда мешаванд», – гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Ба иттилои манбаъ, инчунин ба курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ сарбозоне, ки маълумоти миёна ё миёнаи касбӣ доранду аз хизмати ҳарбиашон як солу шаш моҳ сипарӣ гаштааст, тибқи хоҳиши таҳсил ба мактаби прапоршикӣ шомил карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои таълимгирандагони мактаб дар дохили бинои таълимӣ шароитҳои хуби маишиву хизматӣ муҳайё карда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.