Афзоиши ҳолатҳои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар моҳи январ

Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар моҳи январи соли 2014 бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 57 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана […]

ASIA-Plus



Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар моҳи январи соли 2014 бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 57 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати ҶТ,  ҳама ин мавод ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст, ки ин рақам нисбат ба моҳи январи соли гузошта 29 ҳолат зиёд аст.

Ба иттилои ин манбаъ, аз ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд – 22, вилояти Хатлон – 12, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 16 ва шаҳри Душанбе -6 ҳолати риоя нагрдидани талаботи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст.

«Аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар моҳи январи соли равон 11 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Аз инҳо 3 нафар масъули тарабхона, 2 нафар муваққатан бекор, 2 донишҷӯ, 1 сароянда, 1 раиси маҳалла, 1 муҳосиб ва 1 муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд», – гуфта мешавад дар маълумоти Кумита.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.