Боздиди сафири Қатар аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ

Чанде қабл мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Қатар дар Тоҷикистон Алӣ Бен Муборак Саил ал-Муҳанадӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар мулоқот атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба гуфтугуӯи доманадору судманд сурат гирифта, зикр гардид, ки Тоҷикистону Қатар дар доираи созмонҳои бонуфузуи […]

ASIA-Plus



Чанде қабл мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Қатар дар Тоҷикистон Алӣ Бен Муборак Саил ал-Муҳанадӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар мулоқот атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба гуфтугуӯи доманадору судманд сурат гирифта, зикр гардид, ки Тоҷикистону Қатар дар доираи созмонҳои бонуфузуи байнулмилалие чун СММ, Созмони Конфронси исломӣ ва ғайра ҳамкории пурсамар доранд.

Шариф Саид ба сафир роҷеъ ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, имконоти роҳандозии ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар бахшҳои гуногуни иқтисод маълумоти муфассал дода, пешниҳод кард, ки дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Қатар барпо карда шавад.

Дар навбати худ сафир зикр кард, ки доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Қатар ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ва кишвараш ҳамчунин ба роҳандозии содироти асалу мева ва маҳсулоти чорводорӣ аз Тоҷикистон таваҷҷуҳ дошта, баргузор кардани чорабиниҳои муштарак, аз қабили намоишгоҳҳову ҳамоишҳои муштараки соҳибкорон барои рушди шарикии тиҷоратиии кишварҳо имконоти зиёд фароҳам хоҳанд овард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.