Пешниҳоди Тоҷикистон ба Қирғизистон оид ба кушодани гузаргоҳҳои марзӣ

Субҳи имрӯз таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон намояндагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон оид ба масоили таъин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Бишкек сафар карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон ҷонибҳо натоиҷи фаъолияти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид […]

Аваз Юлдошев



Субҳи имрӯз таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон намояндагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон оид ба масоили таъин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Бишкек сафар карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон ҷонибҳо натоиҷи фаъолияти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили низомӣ ва марзӣ ва ҳамчунин дигар масоили марбут ба аломатгузорӣ ва ташхис дар марзи давлатӣ ва истифодаи роҳҳои наздимарзиро баррасӣ хоҳанд кард.

«Бино ба тавофуқи қаблан ҳосилшуда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ то ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии зикршуда ифшо нахоҳанд шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, бо пешниҳоди ҳайати Тоҷикистон дар рӯзномаи гуфтушуниди имрӯза ҳамчунин масъалаи барқарор кардани фаъолияти тамоми гузаргоҳҳои марзӣ, ки аз 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Қирғизистон баста боқӣ мемонанд, низ ворид карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии бандҳои протоколи рӯзҳои 30-31-уми январи соли 2014 дар Бишкек баимзорасида миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти роҳбарии муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов се гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буданд, ки бояд масоили дар боло зикршударо баррасӣ мекарданд ва рӯзи 5-уми феврал ин гурӯҳҳо ба фаъолият пардохта буданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи масоили низомӣ ва марзиро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, оид ба масоили аломатгузорӣ дар марзро раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва гурӯҳ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро вазири нақлиёт Хайрулло Асоев роҳбарӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.