Иштироки О.Салимзода дар ҷаласаҳои Ассамблеяи парлумонии САҲА

Раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодлияҳои ҷамъиятӣ ва итттилоот Олим Салимзода дар ҷаласаҳои зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), ки имрӯз дар шаҳри Вена ба кор шурӯъ мекунад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ин ҷаласаҳо баррасии масоили […]

Аваз Юлдошев



Раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодлияҳои ҷамъиятӣ ва итттилоот Олим Салимзода дар ҷаласаҳои зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), ки имрӯз дар шаҳри Вена ба кор шурӯъ мекунад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ин ҷаласаҳо баррасии масоили рушди ҷомеаи полиэтникӣ ва бисёрфарҳангӣ дар минтақаи САҲА, роҳу воситахои паси сар намудани буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин нақши ВАО дар таъмини идоракунии пурсамар дар назар аст.

«Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаҳо Олим Салимзода бо раҳбарияти Ассамблеяи парлумонии САҲА як қатор мулоқотҳо анҷом доданист, ки дар онҳо масоили таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ дар минтақаи САҲА мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», – иброз дошт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаҳои зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА 130 нафар вакилон аз кишварҳои узви САҲА иштирок мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.