Шаҳрдорӣ: Мусиқии рок ва рэп дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ нашудааст



Мақомоти шаҳрдории пойтахт гузоштани мусиқии рок ва рэп дар нақлиёти ҷамъиятиро манъ накардааст. Дар ин бора дар мақолаи журналист Фирӯз Умарзода таҳти уновни

«Таджикский рэп ва запрете: за безнравственность или политизацию»

хабар дода шуда буд.

Дар номаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» расид, дар ин робита зикр мегардад, ки мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 13-уми декабри соли 2013, хадамоти дахлдори шаҳр ба танзими истифодаи сабтҳои аудио дар нақлиёти мусофирбар уҳдадор шуданд.

Дар ин нома бо имзои муовини раиси пойтахт Низом Ҳакимов таъкид мешавад, ки мутобиқи ин қарор ҳамчунин супориш дода шуда буд, ки аз гӯш додани суруду мусиқии мухолиф ба арзишҳои милливу инсонӣ ва фарҳангӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ пешгирӣ карда шавад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ дар бораи жанрҳои мушаххаси мусиқӣ чизе зикр нагардида буд.

«Аз ин рӯ, дар мақолаи Фирӯз Умарзода маълумоте истифода шудааст, ки асоси воқеӣ надорад. Дар ин робита аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба ин масъала ангезаи сиёсӣ надиҳед ва онро дар шакли мухолифатомезе, ки истифодаи жанрҳои муайяни мусиқиро маҳдуд месозад, пешниҳод накунед, зеро ба чунин тарзи муносибат бо ин масъала мақомоти шаҳрдорӣ салоҳият надорад», – омадааст дар нома.

Муовини раиси пойтахт хотиррасон менамояд, ки қарори мазкур бо назардошти арзу шикоятҳои мусфирони нақлиёти ҷамъиятӣ – сокинони пойтахт қабул шуд. Ӯ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки дар қарор ҳамчунин дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои муайян кардани доираи суруди мусиқии дар нақлиёти ҷамъиятӣ истифодашаванда низ сухан меравад.  

spot_imgspot_img

Популярное