Адвокатҳои Зайд Саидов аз Фаттоҳ Саидов 1 сомонӣ маблағ ситониданианд

Адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов барои паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ аз болои роҳбарии Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фатттоҳ Саидов ба суд шикоят карданианд. Барои ин онҳо аз Фаттоҳ Саидов барои зарари маънавӣ 1 сомонӣ маблағ рӯёниданианд. Яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз ҷониби […]



Адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов барои паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ аз болои роҳбарии Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фатттоҳ Саидов ба суд шикоят карданианд. Барои ин онҳо аз Фаттоҳ Саидов барои зарари маънавӣ 1 сомонӣ маблағ рӯёниданианд.

Яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз ҷониби ҳимояи соҳибкор барои паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карданист.

Сабаби муроҷиат ба суд аз болои Фаттоҳ Саидов дар он аст, ки ӯ дар нишасти хабарии санаи 4-уми феврал

изҳор намуда буд,

ки «адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов баъзан бо изҳороти беасос ҳақмузди худро кор мекунанд ва ташхиси ДНК дар озмоишгоҳи «БиоПапа»-и Маскавро сохтакорӣ кардаанд».

«Ин изҳороти ӯ гувоҳи он аст, ки гӯё мо, адвокатҳо бо сохтакорӣ кардани ташхиси ДНК ҷиноят содир карда, хешовандони Зайд Саидовро ба гумроҳӣ меандозем ва бо ин роҳ ҳақмузди худро кор мекунем. Ҳамаи ин гуфтаҳои ӯ бепояву беасосанд ва шаъну эътибор ва мартабаи кории моро паст мезананд», – зикр кард Қудратов.

Ба гуфтаи ӯ, дар даъво онҳо раддия тариқи матбуот аз роҳбари Агентии зиддифасод ва ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми рамзии 1 сомониро талаб хоҳанд кард.

Нимаи ҳафтаи гузашта намояндагони озмоишгоҳи тиббии «БиоПапа»-и шаҳри Маскав изҳороти роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар бораи маълумоти бардурӯғ додан аз ҷониби озмоишгоҳро рад намуда, тавассути ВКХ Русия аз болои ин изҳорот

шикоят бурданианд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.