Шаҳрдорӣ: Мусиқии рок ва рэп дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ нашудааст

Мақомоти шаҳрдории пойтахт гузоштани мусиқии рок ва рэп дар нақлиёти ҷамъиятиро манъ накардааст. Дар ин бора дар мақолаи журналист Фирӯз Умарзода таҳти уновни «Таджикский рэп ва запрете: за безнравственность или политизацию» хабар дода шуда буд. Дар номаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» расид, дар ин робита зикр мегардад, ки мутобиқи қарори […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории пойтахт гузоштани мусиқии рок ва рэп дар нақлиёти ҷамъиятиро манъ накардааст. Дар ин бора дар мақолаи журналист Фирӯз Умарзода таҳти уновни

«Таджикский рэп ва запрете: за безнравственность или политизацию»

хабар дода шуда буд.

Дар номаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» расид, дар ин робита зикр мегардад, ки мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 13-уми декабри соли 2013, хадамоти дахлдори шаҳр ба танзими истифодаи сабтҳои аудио дар нақлиёти мусофирбар уҳдадор шуданд.

Дар ин нома бо имзои муовини раиси пойтахт Низом Ҳакимов таъкид мешавад, ки мутобиқи ин қарор ҳамчунин супориш дода шуда буд, ки аз гӯш додани суруду мусиқии мухолиф ба арзишҳои милливу инсонӣ ва фарҳангӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ пешгирӣ карда шавад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ дар бораи жанрҳои мушаххаси мусиқӣ чизе зикр нагардида буд.

«Аз ин рӯ, дар мақолаи Фирӯз Умарзода маълумоте истифода шудааст, ки асоси воқеӣ надорад. Дар ин робита аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба ин масъала ангезаи сиёсӣ надиҳед ва онро дар шакли мухолифатомезе, ки истифодаи жанрҳои муайяни мусиқиро маҳдуд месозад, пешниҳод накунед, зеро ба чунин тарзи муносибат бо ин масъала мақомоти шаҳрдорӣ салоҳият надорад», – омадааст дар нома.

Муовини раиси пойтахт хотиррасон менамояд, ки қарори мазкур бо назардошти арзу шикоятҳои мусфирони нақлиёти ҷамъиятӣ – сокинони пойтахт қабул шуд. Ӯ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки дар қарор ҳамчунин дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои муайян кардани доираи суруди мусиқии дар нақлиёти ҷамъиятӣ истифодашаванда низ сухан меравад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.