Коҳиши назарраси содирот аз Тоҷикистон дар моҳи январ

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 397,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи январи соли 2013 ба миқдори 7,2% ё худ 31 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 255,8 млн. доллари ИМА […]



Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 397,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи январи соли 2013 ба миқдори 7,2% ё худ 31 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 255,8 млн. доллари ИМА шудааст. Моҳи январи соли 2013 Тоҷикистон бо 60 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 50 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Моҳи январ ҳаҷми содироти мол 70,7 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2013 ба миқдори 44,1%  ё худ 55,7 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 326,5 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2% ё худ беш аз 24,8 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар моҳи январи соли 2014 Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – ҳудуди 70 млн. $, Чин – 44 млн. $ ва Туркия – тақрибан 38,8 млн. $-ро ташкил додаст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.