Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз фаъолият бо низоми интиқоли маблағҳои пулии «Мигом», ки муассисаш ҶСП «Европейский трастовый банк» (Русия) мебошад, пурра даст кашиданд.
Санаи 11-уми феврали соли равон тибқи Фармони Бонки марказии Русия, иҷозатномаи Ташкилоти қарзии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Европейский трастовый банк»-и ш. Москва, ки барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ ба вай дода шуда буд, бозхонд карда шуд.
Тавре дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зикр карданд, БМТ дар кутоҳтарин фурсат оиди ба вукуъ омадани ин кор ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хабардор намуд ва онҳоро муваззаф кард, ки ҷиҳати пешгирии интиқоли минбаъдаи маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути ТҚ ҶСП «ЕВРОТРАСТ чораҳои заруриро андешанд.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, айни замон дар бозори интиқоли маблағҳои пулии Русия низоми «Золотая корона» (тақрибан 60%) пешсаф буда, Контакт ва Western Union қариб 20%-и ҳиссаи ин бозорро ишғол менамоянд. Низомҳои «Юнистрим» ва «Лидер» дар сафҳои охир ҷойгиранд.
Ҳиссаи низоми интиқоли маблағҳои пулии «Мигом» дар ин бозор аз 2-3% бештар нест. Муддати се соли ахир бинобар сабаби афзоиши рақобат аз ҷониби иштирокчиёни бештар пурқудрати ин бозор низоми «Мигом» ба таври қоибили мулоҳиза мавқеи худро аз даст дод.
«Дар Тоҷикистон бо низоми «Мигом» 14 ташкилоти қарзӣ сарукор дошта, онҳо саривақт дар бораи вазъ атрофи бонки «Евротраст» ва пайдо шудани мушкилот дар робита ба интиқоли мабалғҳои пулии муҳоҷирон тариқи низоми «Мигом» огоҳ карда шуданд», – иброз доштанд дар БМТ.
Зимнан зикр гардид, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 50 нуқтаи интиқоли маблағҳои пулӣ, ки дар онҳо истифода аз низоми «Мигом» пешниҳод мегардид, амал мекунанд.



