Ахири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳидин Муҳиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа ҷараёни амалисозии қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯро барррасӣ карда шуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои маблағгузорӣ ба соҳаи варзиш дар кишвар, ҳавасмандсозии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти варзишӣ, омодакунии варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқоти байнулмилалии солҳои 2014-2016 ва ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ) миёни наврасон дар Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, аъзои Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои масъул ба иҷрои бечуну чарои супориш ва тавсияҳои сарвари давлат, ки дар мулоқот бо варзишгарон садо дода буд, уҳдадор шуданд.
«Расулзода супориш дод, ки оид ба таблиғи варзиши оммавӣ, сохтмони иншооти муосири варзишӣ, омодакунии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои 31-уми олимпии соли 2016 дар Рио-де Жанейро, Бозиҳои 2-юми олимпии соли 2014 миёни наврасон дар Нанкин ва Бозиҳои соли равони Осиё дар Инчхон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад», – таъкид кард Муҳиддинов.



