Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият пардохт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ФБД, шурӯъ аз шоми рӯзи якшанбе бинобар сабаби дар мавзеи фурудгоҳ фаромадани тумани ғафс парвоз ва қабули ҳавопаймоҳои як қатор хатсайрҳо боздошта шуда буд.
«Айни замон номнависии мусофирон дар якчанд хатсайрҳо идома дошта, ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрҳо сурат мегирад. Қабул ва парвози ҳавопаймоҳо низ идома дорад», – иттилоъ доданд аз ФБД.



