Тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи коррупсия»

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардида, дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи коррупсия» баррасӣ шуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардида, дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи коррупсия» баррасӣ шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» низ баррасӣ шуданд. «Ғайр аз ин, дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи гурезаҳо» низ баррасӣ шуд», – иброз дошт Султонов.

Зимнан зикр гардид, ки тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишуда ҷиҳати таҳлилу омӯзиши ҷузъӣ ба кумитаву комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ирсол гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.