Гуфтушуниди вазири молия бо намояндагони ХБА

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда вазири молияи Тоҷикистон бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Данн гуфтушунид кард. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди хазинаи давлатӣ, нишондиҳандахои буҷет барои соли 2014 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ ва ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ […]



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда вазири молияи Тоҷикистон бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Данн гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди хазинаи давлатӣ, нишондиҳандахои буҷет барои соли 2014 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ ва ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

«Ҷонибҳо ба масъалаҳои сиёсати моливу андоз, аз ҷумла масоили марбут ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳалли мушкилоти «Агроинвестбонк», вазъ ва дурнамои пардохти қарзи хориҷӣ, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонкҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд», – хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.

А.Қурбонов пешбурдҳои бадастомада дар давоми ҳамкориҳо бо ХБА, бахусус дар баргузории ислоҳот дар соҳаи молияро таъкид намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо ХБА бар асоси созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ рушду тавсеъа меёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.