Дар Душанбе ҳайкали муҳоҷири кориро гузоштанианд

Дар торнамои даъватҳои ҷамъиятии Avaaz ҷараёни ҷаъоварии имзоҳо барои дар шаҳри Душанбе қомат афрохтани ҳайкали муҳоҷири корӣ идома дорад. Даъвати мазкур ба ҳукумат ва парлумон ирсол мегардад. Он аз номи як шаҳрванди Тоҷикистон Исфандиёр нашр шудааст. Мақсади худро Исфандиёр бо ин далел шарҳ медихад, ки дар Тоҷикистони муосир маҳз муҳоҷири корӣ аз ҳама бештар ба […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Дар торнамои даъватҳои ҷамъиятии


Avaaz


ҷараёни ҷаъоварии имзоҳо барои дар шаҳри Душанбе қомат афрохтани ҳайкали муҳоҷири корӣ идома дорад. Даъвати мазкур ба ҳукумат ва парлумон ирсол мегардад. Он аз номи як шаҳрванди Тоҷикистон Исфандиёр нашр шудааст.

Мақсади худро Исфандиёр бо ин далел шарҳ медихад, ки дар Тоҷикистони муосир маҳз муҳоҷири корӣ аз ҳама бештар ба гузоштани ҳайкал шоиста аст. Ба андешаи ӯ, беш аз миллион нафар муҳоҷирони корӣ дар Русия кор карда, ба аҳли олиаашон маблағи пулӣ мефиристанд, ки ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

«Дигар дар ягон кишвари дунё чунин ҳолат ҷой надорад. Бидуни маблағҳои пулии онҳо миллионҳо нафар дар кишвар гуруснагӣ мекашиданд. Комилан имкон дошт, ки ин ба муташанниҷии вазъи иҷтимоӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳатто ба бетартибиҳо боис мегардид. Маҳз ба туфайли муҳоҷирони корӣ, ки бо хуну арақи ҷабин дар Русия маблағҳои пулӣ кор мекунанд, мо дар ҷомеаи нисбатан орому осуда зиндагӣ дорем», – навиштааст Исфандиёр.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Русия каме бештар аз 800 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик қарор доранд, аммо мувофиқи омори расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳудуди 1,5 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Дар замони нашри даъват аллакай 14 нафар ба ҷонибдории он зераш имзо гузоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.