Коҳиши начандон назарраси тавлиди барқ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»



Моҳи январи соли равон дар нерӯгоҳӣ обиву барқии «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 211 млн. 355 ҳазору 676 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба моҳи январи соли 2013 ба миқдори 6,4 млн. кВт/соат камтар мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» хабар доданд, нерӯгоҳ мутобиқи дастури Хадамоти марказии диспетчерии ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба миқдори истеҳсоли нерӯи барқ фаъолият намуда, мутаносибан мувофиқи он ҳаҷми зарурии нерӯи барқро истеҳсол мекунад.

«Имрӯз ягона харидори барқи нерӯгоҳ ширкати «Барқи тоҷик» аст, ки дар навбати худ интиқол, тақсим ва фурӯши онро ба истеъмолгарон таъмин месозад», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.

Соли 2013 нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»  2 010 260 448 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кард, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 131,2 млн. кВт/соат бештар аст. Аз 1-уми январи соли 2014 тарофаҳо ба нерӯи барқи «Сангтӯда-1» 0,02058 доллари ИМА (бидуни назардошти ААИ 18%)-ро ташкил медиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное