Суғд: Қотили хоҳар ба 19 соли зиндон маҳкум шуд

Як сокини вилояти Суғд барои қатли хоҳари ноболиғаш ба 19 соли зиндон маҳкум карда шуд. Судяи суди вилояти Суғд Дилбар Ризоева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 23-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фирдавс Мақсудовро баррасӣ намуда, ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2 […]



Як сокини вилояти Суғд барои қатли хоҳари ноболиғаш ба 19 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Судяи суди вилояти Суғд Дилбар Ризоева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 23-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фирдавс Мақсудовро баррасӣ намуда, ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Куштори бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст бо бераҳмии махсус) гунаҳкор донист ва ба судшаванда ҷазои 19 соли маҳрумият аз озодӣ бо адои муҳлати ҷазо дар зиндони низомаш шадидро таъин намуд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса моҳи сентябри соли гузашта рух дод. Зимни дар манзил қарор доштан Фирдавс Мақсудов бо сабаби бадбиниву хусумати шахсӣ ва ҷанҷоли рухдода, ба хоҳари 17-солаи худ корд зад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли 2013 дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 44 далели одамкушӣ ва соли 2012 – 38 чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.