АНМН: Ошкор шудани ду ҷинояти марбут ба мухаддирот дар Суғд



Чанде қабл кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар микрорайони 12 шаҳри Хуҷанд сокини 35-солаи маҳаллӣ О.Р. дастгир карда шуд, ки кормандони оперативӣ аз ӯ маводи нашъаовари гашишро дар ҳаҷми калон ошкор намуданд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ ҳаммаслаки ин ҷиноят сокини 55-солаи Хуҷанд дастгир карда шуд. Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ӯ пештар се маротиба суд шуда будааст – бори аввал соли 1980 барои авбошӣ, соли 1983 боз барои авбошӣ, бори сеюм – соли 2002 барои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.

Боздошти дуюм 25 феврал ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳи нақлиётии “Роҳи Абрешим” дар микрорайони 34-и шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид, ки дар рафти азназаргузаронии шахсӣ аз сокини 48-солаи ноҳияи Мастчоҳ маводи мухаддири афюн бо вазни 3 килову 389 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

spot_imgspot_img

Популярное