Арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои ММТ 150 сомонӣ муайян шуд



Ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҶТ Ситора Назарова хабар дод, маблағи мазкур барои хароҷоти интиқоли ҳуҷҷатҳо ба марказҳои имтиҳонсупорӣ, ташкили посбонӣ ва дигар хизматрасониҳо зарур аст.

Бояд гуфт, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида довталабон бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ки рӯйхат бо нишониҳои онҳо дар сомонаи марказ (

www.ntc.tj

)  ҷойгир шудааст, маблағи муайяншударо супоранд ва расид (квитансия) дар бораи пардохтро ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар саросари кишвар аллакай 20 маркази бақайдгирии доваталабон таъсис дода шуда, ба қайдгирии довталабон 1-уми март оғоз мегардад ва то 15-уми апрел идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми декабри соли гузашта  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази миллии тестӣ (ММТ)

ифтитоҳ ёфт.

Ин бинои сеошёна аз ду қисмат иборат буда, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст.

Чанде қабл Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

бароварда шуда

, ба Муассисаи давлатии назди президенти Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳамзамон дар мақомоти раҳбарии Марказ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Хуршед Тешаев роҳбари Марказ ва Савзалӣ Ҷаъфаров муовини ӯ таъин карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное