Аввали моҳи март шумори тоҷикистониён дар Русия – 1 млн. 34 ҳазор нафар

Пайрав Чоршанбиев



Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷиро, ки ба аввали моҳи март дар қаламрави Русия қарор доштанд, интишор намуд.

Маълумоти оморӣ оид ба шаҳрвандони 230 кишвар ва ҳамчунин афроди бидуни шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони бидуни мақоми муайян пешниҳод гардидааст.

Бино ба маълумоти мазкур, ба ҳолати 2-юми марти соли 2014 ҳудуди 1 млн. 34 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 854 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 180 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар муқоиса бо маълумот ба аввали моҳи декабри соли гузашта шумори шаҳрвандони тоҷики дар қаламрави Русия қарордошта тақрибан 77 ҳазор нафар (72 ҳазор нафар мардон ва 5 ҳазор нафар занон) кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2013 ҳудуди 800 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.

«Соли сипаришуда зиёда аз 964,5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 800 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 101 ҳазор нафар баробар аст», – қайд мекунанд дар хадамот.

Гуфта мешавад, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 788,5 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 8,6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...