Ба корҳои ороиши технологии Душанбе фирмаи Маскав машғул мешавад

ASIA-Plus



Санаи 4 марти соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директори ҶСП “Кодимир”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия  хонум Елена Зайцеваро, ки  тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №494 аз 2 августи соли 2013 “Дар бораи баргузории озмуни кушоди байналмилалӣ барои ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе” аз тарафи комиссияи озмунӣ ширкати мазкур чун номзади асосӣ шинохта шудааст, барои муҳокимаю мувофиқа намудани ҷузъиёти корҳои ороишии дарпешистодаи шаҳр ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи хонум Елена Зайцеваро оид ба тарҳрезии консепсияи истифодаи технологияҳои муосиру каммасрафи барқӣ нигаронида, зикр сохт, ки шаҳрдорӣ дар самти амалисозии нақша – чорабиниҳои пешгирифтаи худ баҳри сазовор истиқбол намудани 90 – солагии мақоми пойтахтро соҳиб гаштани шаҳри Душанбе ва баргузории ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай омодааст ҷиҳати ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи ширкати мазкур роҳандозии истифодаи дастовардҳои мутараққии рекламавиро амалӣ созад.

Бо ин мақсад тибқи дастури шаҳрдор бобати бо ҷузъиёти муҳит ва ҷойгиршавии ҷуғрофии иншоот, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию марказҳои хизматрасонӣ шиносоии амиқ пайдо намудани мавсуф ва баррасии касбии масъала гуруҳи корӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ таъсис дода шуд, ки муваззаф аст аз натиҷаи табодули афкор ва тафоҳумоти навсозии рекламавӣ пешниҳодоти мушаххасро унвонии Раиси шаҳр манзур созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...