Комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба «облава»-ҳо хотима бахшиданист

Чанде қабл муовини нахуствазири ҷумҳурӣ, раиси Комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласа васеи комиссияи мазкурро баргузор кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, сарпрокурори ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ масъалаҳои ташкил […]



Чанде қабл муовини нахуствазири ҷумҳурӣ, раиси Комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласа васеи комиссияи мазкурро баргузор кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, сарпрокурори ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани маъракаи даъвати баҳорӣ ба химазти ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

«Муовини нахуствазир М.Ҷабборӣ изҳор кард, ки бо супориши президенти Тоҷикистон минбаъд ба методҳо ва тарзи ғайриқонунии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хотима бахшида шуда, дар ин самт корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда мешаванд», – гуфтанд дар Вазорати мудофиа.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласа оид ба ҷараёни даъват ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2013 сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушвахт Мироваров ҳисобот додааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аввали моҳи апрел оғоз гардида, то ахири моҳи май идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.