Ба корҳои ороиши технологии Душанбе фирмаи Маскав машғул мешавад

Санаи 4 марти соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директори ҶСП “Кодимир”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия  хонум Елена Зайцеваро, ки  тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №494 аз 2 августи соли 2013 “Дар бораи баргузории озмуни кушоди байналмилалӣ барои ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе” аз тарафи […]

ASIA-Plus



Санаи 4 марти соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директори ҶСП “Кодимир”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия  хонум Елена Зайцеваро, ки  тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №494 аз 2 августи соли 2013 “Дар бораи баргузории озмуни кушоди байналмилалӣ барои ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе” аз тарафи комиссияи озмунӣ ширкати мазкур чун номзади асосӣ шинохта шудааст, барои муҳокимаю мувофиқа намудани ҷузъиёти корҳои ороишии дарпешистодаи шаҳр ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи хонум Елена Зайцеваро оид ба тарҳрезии консепсияи истифодаи технологияҳои муосиру каммасрафи барқӣ нигаронида, зикр сохт, ки шаҳрдорӣ дар самти амалисозии нақша – чорабиниҳои пешгирифтаи худ баҳри сазовор истиқбол намудани 90 – солагии мақоми пойтахтро соҳиб гаштани шаҳри Душанбе ва баргузории ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай омодааст ҷиҳати ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи ширкати мазкур роҳандозии истифодаи дастовардҳои мутараққии рекламавиро амалӣ созад.

Бо ин мақсад тибқи дастури шаҳрдор бобати бо ҷузъиёти муҳит ва ҷойгиршавии ҷуғрофии иншоот, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию марказҳои хизматрасонӣ шиносоии амиқ пайдо намудани мавсуф ва баррасии касбии масъала гуруҳи корӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ таъсис дода шуд, ки муваззаф аст аз натиҷаи табодули афкор ва тафоҳумоти навсозии рекламавӣ пешниҳодоти мушаххасро унвонии Раиси шаҳр манзур созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.