Таъини роҳбари нав ба Раёсати тандурустии пойтахт

Аввали ҳафтаи равон дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа қабл аз ҳама бо инобати фарҷоми фасли сармо ва бар асари он дар минтақаҳои алоҳида ниёз ба таъмири ҷорӣ пайдо намудани роҳҳои нақлиётӣ масъалаи сафарбарсозии потенсиали сохторҳои ноҳиявӣ барои беҳдошти ҳолати роҳҳои нақлиёту пиёдагард, вусъати амалисозии тадбирҳо оид ба беҳбудбахшии ҳолати санитарию экологӣ, сабзкорию хуррамгардонии шаҳр тавассути шинонидану нигоҳубини дарахту ниҳолҳои ороишию сояафкан, дар доираи «30 – моҳи ободонӣ» омодасозии хонаву биноҳои истиқоматии шаҳрвандон ба истиқболи Наврӯзи ҳар хонадон  ва ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро сазовор гардидани Душанбе ва бо инобати он назорати дарёфти шиносномаҳои тасдиқкунандаи воқеан омодагии  хонаву биноҳо дар таносуби ноҳияҳо аз ҷониби комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилон халқи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, дар ҷаласа Раиси шаҳр аз дархосту пешниҳодоти фаъолони пойтахт пазиройӣ карда, бо ироаи супоришоти дахлдор оид ба ҳалли онҳо сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Абдумуслим Темуровро барои фаъолияти пурсамараш дар ин симмат  аз номи мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида, мавсуфро бинобар сабаби ба синни ниҳоии нафақа расидан бо хоҳиш худаш аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Бобоқул Муъминовро тибқи ризоияти хаттии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъин намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.