Ҳиссаи Қирғизистон дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон то 0,7% коҳиш ёфт

Дар бозори воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон боз Русия пешсаф шуд. Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳиссаи Русия дар интиқоли маводи сӯзишворӣ дар моҳи январи соли равон 83,7%-ро ташкил дода, дар ин давра ба Тоҷикистон аз ин кишвар бо нархи миёнаи 790 $ барои […]



Дар бозори воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон боз Русия пешсаф шуд.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳиссаи Русия дар интиқоли маводи сӯзишворӣ дар моҳи январи соли равон 83,7%-ро ташкил дода, дар ин давра ба Тоҷикистон аз ин кишвар бо нархи миёнаи 790 $ барои 1 тонна 55 ҳазору 653 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2013 ба миқдори 40 ҳазору 26 тонна бештар ва 484 $ арзонтар аст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли равон дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон 66 ҳазору 509 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 20,6 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Нархи миёнаи маҳсулоти нафтӣ дар моҳи январ 853 $ барои 1 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нархи моҳи январи соли гузашта 327 $ камтар аст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ҳиссаи Қирғизистон дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2014 ҳамагӣ 0,7%-ро ташкил додааст. Дар ин давра ба Тоҷикистон аз ин кишвар бо нархи миёнаи 890 $ барои 1 тонна ҳамагӣ 435 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2013 дар бозори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Қирғизистон пешсаф шуда, ҳаҷми воридот аз ин кишвар аз 50% бештар шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, моҳи январ ба ҷумҳурӣ аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ворид нагардида, аз Қазоқистон – 3 ҳазору 349 тонна ва Озарбойҷон – 6 ҳазору 248 тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.