Боздиди Ойниҳол Бобоназарова аз як қатор шаҳрҳои ИМА

Рӯзи 4 марти соли 2014 муовини Вазир Ҳиггинботтом ҷоизаи Байналхалқии Вазорати корхои хориҷӣ  ҷоизаҳои Департаменти ИМА– “Шуҷоати зан” дар соли 2014-ро ба 10 зани барҷаста аз 10 кишвари дунё супорид. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, бонуи Аввал Мишел Обама, ҳамчун меҳмони махсус бо муовини Вазир Ҳиггинботтом ва дорандагони ҷоиза дар маросими пагоҳирузӣ дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 4 марти соли 2014 муовини Вазир Ҳиггинботтом ҷоизаи Байналхалқии Вазорати корхои хориҷӣ  ҷоизаҳои Департаменти ИМА– “Шуҷоати зан” дар соли 2014-ро ба 10 зани барҷаста аз 10 кишвари дунё супорид.


Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, бонуи Аввал Мишел Обама, ҳамчун меҳмони махсус бо муовини Вазир Ҳиггинботтом ва дорандагони ҷоиза дар маросими пагоҳирузӣ дар Вазорати корхои хориҷӣ ширкат варзид.

Ҷоизаи Байналхалқии Вазорати корҳои хориҷӣ “Шуҷоати зан” ҳамасола занонеро эътироф менамояд, ки дар ҷодаи ташвиқи сулҳ, адолат, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон шуҷоати беандоза ва роҳбариятро бо вуҷуди зери хатар қарор гирифтанашон, нишон медиҳанд.  Аз оғози пайдоиши ҷоизаи мазкур дар соли 2007, Вазорати корҳои хориҷӣ  беш аз 76 занро дар 49 давлати дунё қадрдонӣ намудааст.

Ҷоизадорони соли 2014 инҳоянд: Доктор Насрин Оряхил, Мудири таваллудхонаи “Малалай” дар Кобул (Афғонистон), хонум Рошика Део, Тарафдори ҳуқуқи занон ва фаъоли сиёсӣ (Фиҷи), усқуф Русудан Готсиридзе, Усқуфи Калисои Евангилии Баптистии Гурҷистон (Гурҷистон), доктор Ирис Ясмин Барриос Агуилар, Президенти трибунал – суди олӣ (Гватемала), Лаксмӣ, Ҳаракатчии “Манъи ҳамла бо кислота” (Ҳиндустон), хонум Фатимата Туре, фаъоли ҷамъиятӣ ва мудири иҷрокунанда (Малӣ), доктор Маҳа Ал Муниф, Асосгузор ва мудири иҷрокунанда, Барномаи миллии бехатарии оила (Арабистони Саудӣ), хонум Ойниҳол Бобоназарова, Раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” (Тоҷикистон), хонум Руслана Лижичко, фидоии Евромайдон ва сарояндаи халқии Украин (Украин) ва хонум Биатрис Мтетва, Вакили ҳуқуқи башар (Зимбабве).

Баъди маросими тақдими ҷоиза ва мулоқот бо шахсони расмии ҳукумати ИМА ва шарикони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар Вашингтон, гурӯҳи ҷоизадорон ба шаҳри Питсбург сафар мекунанд. Баъдан сафари онҳо ба якчанд шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида бо мақсади мулоқот бо мардуми Амрико дар чорчӯбаи “Барнома барои меҳмонҳои хориҷӣ” идома меёбад.  Тариқи барномаи алоҳида, онҳо ба Денвер, Дес Мойнес, Индианаполис, Портланд, Даллас, Миннеаполис ва Сиракуз ташриф хоханд овард. Занон бо мақсади ибрози фикру андешаи худ аз сафари мазкур ва баррасӣ намудани роҳҳои ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии занон ва духтарон дар саросари ҷаҳон бори дигар дар Чикаго во мехӯранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.