Э.Раҳмон аз 11 сафири тозатаъин эътимоднома қабул кард

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 11 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулодда ва мухтори Туркманистон- Ишанкули Аманлиев, Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, Ҷумҳурии Сербия-Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб- Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ, Ҷумҳурии Корея- Ли Ук-Хен, Ҷумҳурии Словакия-Павол Иван, Давлати Фаластин- Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб- Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, Ҷумҳурии Судон-Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал-Ҳаҷ, Ҷумҳурии Кипр-Георгиос Касулидис ва Гурҷистон-Константин Жгенти эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Гуфта мешавад, президенти кишвар сафирони тозатаъинро бо оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки онҳо ба рушду тавсиаи муносибатҳои гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...