Раиси ААТ: Барои фаъолияти муътадили видеокамераҳо дар роҳҳо вақт лозим аст

Раиси Ассостсиатсияи автомобилистони Тоҷикистон (ААТ) Сафаралӣ Гулов бар ин назар аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» иқдоми хуб буда, вале барои фаъолияти муътадили низоми мушоҳидаи видеойӣ дар роҳҳои Душанбе ҳоло каме вақт зарур аст, зеро ин лоиҳа як навгонӣ ва зимни ҷорӣ шудани он хоҳ нохоҳ ба баъзе камбудиҳо дучор хоҳӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми […]

Пайрав Чоршанбиев



Раиси Ассостсиатсияи автомобилистони Тоҷикистон (ААТ) Сафаралӣ Гулов бар ин назар аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» иқдоми хуб буда, вале барои фаъолияти муътадили низоми мушоҳидаи видеойӣ дар роҳҳои Душанбе ҳоло каме вақт зарур аст, зеро ин лоиҳа як навгонӣ ва зимни ҷорӣ шудани он хоҳ нохоҳ ба баъзе камбудиҳо дучор хоҳӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҷорӣ шудани ин низом ба қонуншиканиҳое, ки вазъи садамавиро ба вуҷуд меоваранд, мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Эътироф бояд намуд, ки дар бисёр ҷойҳо мавҷуд набудани хатҳо дар роҳ имкон намедиҳад, ки ба қонуншиканӣ роҳ додан ё надодани ронанда муайян карда шавад. Дар аксари ҷойҳо хатҳои нигоҳ доштани нақлиёт ва ғайра дақиқан дарҷ наёфтаанд», – иброз дошт вай.

Ғайр аз ин, Гулов бар ин назар аст, ки зимни таъини ҷарима барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ бояд ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат дар кишвар ба назар гирифта шавад. «Дар сурати 200 сомонӣ будани ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат, ҷарима бастан ба 40 сомонӣ барои қонуншикании ночиз беҳад зиёд аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои мошингарди қисмати марказии шаҳри Душанбе тақрибан 850 адад видеокамераҳо насб шудаанд. Аз анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳа моҳи майи ҳамин сол интизорӣ рафта, пурра бо видеокамераҳо таъмин намудани роҳҳои мошингарди Душанбе дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.