Тоҷикони Ню-Йорк Наврӯзро ҷашн мегиранд

Тоҷикони шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иди Наврӯзро дар Бруклин ҷашн мегиранд. Дар саҳифаи дар шабакаи иҷтимоии Facebook ташкилшуда дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 29-уми март дар чорабинии идона дар Rahat Palase бо иштироки мусиқачӣ ва оҳангсоз Алберт Горкаллаев ва овозхони эстрадӣ Ҷонибек Муродов ин ҷашни миллӣ таҷлил хоҳад шуд. Дар чорабинии […]

ASIA-Plus



Тоҷикони шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иди Наврӯзро дар Бруклин ҷашн мегиранд.

Дар саҳифаи дар шабакаи иҷтимоии Facebook ташкилшуда дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 29-уми март дар чорабинии идона дар Rahat Palase бо иштироки мусиқачӣ ва оҳангсоз Алберт Горкаллаев ва овозхони эстрадӣ Ҷонибек Муродов ин ҷашни миллӣ таҷлил хоҳад шуд. Дар чорабинии идона Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Калонтарова низ ширкат хоҳад варзид.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ню-Йорк як чорабинии маъмулӣ маҳсуб меёбад. Соли гузашта ҷамъияти тоҷикони Ню-Йорк иди Наврӯзро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр ҷашн гирифта буданд. Чорабинӣ аз ҷониби диаспораи тоҷикон дар ИМА – Tajik Community In USA, INC созмон дода шуда буд, ки муассисаш шаҳрванди Тоҷикистон Аскаралӣ Саидов мебошад.

Меҳмонон аз ҳунарнамоии Махфират Ҳамроқулова, Хуршед Алидодов ва гуруҳи «Рӯи замин» баҳра бурда буданд. Кибриё Маҳмудова, Дилноза Латифова ва Шаҳноза Тӯйчиева таҳти раҳбарии Малика Гадоева, ки дар ҳайати асосии театр-студияи «Падида» ҳунарнамоӣ мекард, рақси миллии тоҷикиро ба иҷро расонида буданд. Иштирокчиёни ҳунарманди чорабинӣ бо тамоми маҳорат меҳмононро ба рақсҳои зебову дилнишини Бадахшону Хатлон ва Суғд шинос намуданд.

Дар барномаи идона ҳамчунин бозии маъмулии миллӣ «Бандкашӣ» баргузор шуда, меҳмонон бо фарҳанги таҷлили ҷашни «Наврӯз» бо иштироки «Бобои деҳқон» ва «Маликаи Наврӯз» аз наздик ошно гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.