Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфт.
Дар паёми сарвари давлат ба ин муносибат зикр мегардад, ки ин рӯз махсус чунин номгузорӣ шудааст, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар паём таъкид мешавадмегардад, ки аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад.
«Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо – фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем», – омадааст дар паём.
Дар робита ба ин сарвари давлат хотирнишон месозад, ки бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем, чунки зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.
«Давлату Ҳукумат ва ҷомеаи имрӯзаи мо ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд», – зикр мегардад дар паём.





