Раҳмон занонро бо Рӯзи модар табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфт. Дар паёми сарвари давлат ба ин муносибат зикр мегардад, ки ин рӯз махсус чунин номгузорӣ шудааст, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфт.

Дар паёми сарвари давлат ба ин муносибат зикр мегардад, ки ин рӯз махсус чунин номгузорӣ шудааст, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар паём таъкид мешавадмегардад, ки аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад.

«Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо – фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем», – омадааст дар паём.

Дар робита ба ин сарвари давлат хотирнишон месозад, ки бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем, чунки зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.

«Давлату Ҳукумат ва ҷомеаи имрӯзаи мо ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд», – зикр мегардад дар паём.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.