Шикояти «Азия-Плюс» аз болои ҳукм оид ба парвандаи «зиёиён»



Адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» пешакӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданд.

«Мо ба коллегияи судӣ шикояти кассатсионӣ бурдем. Пас аз шиносоӣ бо протоколҳои ҷаласаи судӣ адвокатҳо дар давоми ҳафта, то 18-уми март матни пурраи шикояти кассатсионӣ ва дигар маводро пешниҳод хоҳанд кард», – гуфт яке аз адвокатҳо Иноят Иноятов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (

Неинтелегентно об интеллигенции

) аз ҷониби муҳаррир даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар

мурофиаи рӯзи 13-уми феврал

намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳор намуда буд, ки «онҳо далели паҳн кардани маълумоти пастзанандаи обрӯву мартабаи кориро, ки ба даъвогарон зиёни маънавӣ расонидааст, собит кардаанд».

Зимни сухани ниҳоии худ дар музокироти ҷонибҳо намояндагони газета – Иноят Иноятов ва Шуҳрат Қудратов бо пешниҳоди далелҳо изҳор намуданд, ки тамоми асосҳои қаблан изҳоршудаи даъвогарон ғайриқонунӣ ва бепояанд.

Вобаста ба қарори содиршудаи суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъиятҳои журналистӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва намояндагии кишварҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуда, қарори судро маҳкум намуданд.

Матни пурраи қарори суд

бо ин суроға

қобили дарёфт аст. 

spot_imgspot_img

Популярное