Хайруллоев: Ҳукумат ҷиҳати раҳоии Ворух аз анклав тадбир меҷӯяд

Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев имрӯз дар шаҳри Исфара бо аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон мулоқот кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворух масоили асосӣ ба мушкилоти аз ҷазирақаламрав (анклав) берун овардани ҷамоат […]

Аваз Юлдошев



Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев имрӯз дар шаҳри Исфара бо аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворух масоили асосӣ ба мушкилоти аз ҷазирақаламрав (анклав) берун овардани ҷамоат марбут будаанд.

Ба иттилои манбаъ, Шералӣ Хайруллоев зикр кардааст, ки оид ба ҳалли ин масъала Тоҷикистон роҳу воситаҳои худро пешниҳод намуда, посухи Қирғизистонро интизор аст.

Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ марҳилаи ахири гуфтушунидҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид таъин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатиро, ки рӯзи 3-юми март дар Душанбе доир гардиданд, умедворкунанда арзёбӣ карда, қайд кардааст, ки марҳилаи навбатии гуфтушунидҳо пас аз 15-уми март сурат мегиранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.