Гуфтушунидҳои Аслов дар Ню-Йорк бо муовинони дабири кулли СММ

Санаи 10 марти 2014 дар ҳошияи иштирок дар чорабинии махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва амалҳои минбаъда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар […]

ASIA-Plus



Санаи 10 марти 2014 дар ҳошияи иштирок дар чорабинии махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва амалҳои минбаъда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ бобати рушди устувор ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Ҷеффри Фелтман низ мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими амну субот дар минтақа, вазъи Афғонистон пас аз хурӯҷи Нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014, нақши Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, мубориза алайҳи терроризм, инчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз, дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷӣ маросими кушодашавии сомонаи нави Намояндагӣ баргузор гашт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.