Раиси ИЖТ ба рӯзноманигорон қалами созанда орзу кард

Дар ҷашни 102-умин солгарди таъсиси матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мегардад, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов журналистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо «қалами созанда» орзу кард. Дар паёми табрикотии раиси ИЖТ таъкид мегардад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ кори журналист аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳо осон ва тибқи баъе талабот мушкил мешавад. «Рӯйдодҳо дар […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷашни 102-умин солгарди таъсиси матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мегардад, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов журналистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо «қалами созанда» орзу кард.

Дар паёми табрикотии раиси ИЖТ таъкид мегардад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ кори журналист аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳо осон ва тибқи баъе талабот мушкил мешавад.

«Рӯйдодҳо дар баъзе кишварҳои араб ва Аврупои Шарқӣ нишон доданд, ки усулҳои журналистикаи ҷаҳон куллан тағйир меёбанд, имрӯз фишангҳои фишори табдили журналистика барои ҳимоя аз манфиатҳои кишварҳо абарқудрат меафзоянд. Дар бисёр кишварҳое, ки аз озодии баёну демократия ҳимоят мекунанд, имрӯз ин усулҳо риоя намешаванд. Кӯшишҳои табдили журналистика ва аслиҳаи ҳимоят аз манфитҳои худ тақвият меёбанд», – баён мегардад дар паёми Сатторов.

Ҳамчунин раиси ИЖТ таъкид мекунад, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола як нуқтаи натиҷагирӣ аз фаъолият мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.