Эълони ҷоизадорони нави ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Комиссия оид ба ҷоизаҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатӣ миёни журналистон барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ натиҷагирӣ кард. Озмун аз рӯи 4 номинатсия – маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ, маводи беҳтарини телевизионӣ, маводи беҳтарин дар барномаи телевизион ва радио ва маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон гузаронида […]

Аваз Юлдошев



Комиссия оид ба ҷоизаҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатӣ миёни журналистон барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ натиҷагирӣ кард.

Озмун аз рӯи 4 номинатсия – маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ, маводи беҳтарини телевизионӣ, маводи беҳтарин дар барномаи телевизион ва радио ва маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон гузаронида шуд.

Ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳуқуқ дошта, довталабон ба комиссияи озмун маводи дар матбуоти чопӣ нашршуда ё дар барномаҳои телевизиону радио садододаву ба намоиш гузоштаро пешниҳод карданд.

Ҷоиза барои маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ ба намояндаи нашрияи «Чашмаи ҳаёт» Гул Шарифов ва  ба хабарнигори газетаи «Садои мардум» Ҳусейни Нарзулло барои як силсила мақолаҳо дар мавзӯи экология, ҷоиза барои маводи беҳтарин дар барномаи радио ва телевизион ба хабарнигорони Шабакаи аввали телевизион Ғайратшоҳи Аҳмадзод ва Моҳсафар Яҳёева, корманди радиои Тоҷикистон Алихон Зарифӣ ва ҷоиза барои маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон ба Мирзоалӣ Ҷӯраев тақдим карда шуданд.

Маросими тақдими ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ғолибон имрӯз, санаи таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.