Бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷараёни омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрӣ ва рафти сохтмони иншооти муҳими иқтисодӣ ва саноатӣ шинос шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни боздид аз ноҳияи Зафаробод ба нахуствазир маълумот дода шуд, ки пойгоҳҳои обкашии ноҳия рӯзҳои наздик ба кор омода мегарданд.
«Расулзода таваҷҷуҳи кормандони масъули ин бахшро ба саривақт пардохт намудани музди меҳнати коргарони пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини онҳо бо қисмҳои эҳтиётии зарурӣ ҷалб намуд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми боздид аз шаҳри Хуҷанд нахуствазир бо ҷараёни сохтмони корхонаи маҳсулоти ширӣ, биноҳои маъмурӣ ва маркази омодакунии бофандагон ва қолинбофон аз наздик ошно гардид.





