Ойниҳол Бобоназарова аз сафар ба як қатор шаҳрҳои ИМА даст кашид

Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА бо ҷоизаи International Women of Courage мушарраф гардид, бо сабабҳои оилавӣ маҷбур шуд, ки аз сафар ба як қатор шаҳрҳои ИМА дар доираи барномаи меҳмонони хориҷӣ то 17-уми март даст кашида, ба ватан баргардад. Ба гуфтаи Бобоназарова, пас аз маросими ҷоизасупорӣ ӯ дар як қатор вохӯриҳо бо […]

ASIA-Plus



Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА бо ҷоизаи International Women of Courage мушарраф гардид, бо сабабҳои оилавӣ маҷбур шуд, ки аз сафар ба як қатор шаҳрҳои ИМА дар доираи барномаи меҳмонони хориҷӣ то 17-уми март даст кашида, ба ватан баргардад.

Ба гуфтаи Бобоназарова, пас аз маросими ҷоизасупорӣ ӯ дар як қатор вохӯриҳо бо сиёсатмадорони амрикоӣ ва арбобони ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ширкат варзида, ҳамчунин ба вохӯрӣ бо намояндагони ВАО низ даъват шудааст.

«Сарфи назар аз ахиран афзудани фишор болои матбуоти мо, дар вохӯриҳо ман зикр кардам, ки дар Тоҷикистон матбуот ягона ниҳоди иҷтимоиест, ки ба қадре фаъолият дорад, – мегӯяд Бобоназарова. – Журналистони амрикоӣ дарҳол аз ман вазъи корҳои Олга Тутубалина пас аз ҳалномаи судиро пурсон шуданд. Умуман ман  ба ҳайрат омадам, ки матбуоти ғарб то чӣ андоза аз масоили марбут ба Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон огаҳии хуб дорад».

Рӯзи 4-уми март ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ба ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик, директори ТҶ «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова

ҷоизаи International Women of Courage-ро супурд

, ки ҳамасола аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҷасорат ба 10 нафар занон аз саросари ҷаҳон тақдим карда мешавад.

Ҷоизаи Байналхалқии Вазорати корҳои хориҷӣ

“Шуҷоати зан”

ҳамасола занонеро эътироф менамояд, ки дар ҷодаи ташвиқи сулҳ, адолат, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон шуҷоати беандоза ва роҳбариятро бо вуҷуди зери хатар қарор гирифтанашон, нишон медиҳанд.  Аз оғози пайдоиши ҷоизаи мазкур дар соли 2007, Вазорати корҳои хориҷӣ  беш аз 76 занро дар 49 давлати дунё қадрдонӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.